Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид

Июль 4, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатораи мусофирбар дар хатсайри байналмилалии Душанбе – Москва дубора барқарор гардид.

Ин рӯйдоди муҳим дар рушди низоми нақлиёти роҳи оҳани кишвар арзёбӣ шуда, барои садҳо мусофир имкони сафарро бо роҳи қулай, бехатар ва дастрас фароҳам овард.

Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз шаҳри Душанбе ба роҳ баромада, пас аз тай намудани масири тақрибан чор шабонарӯз, ба шаҳри Москва расид. Дар ин муддат қатора аз қаламрави чаҳор давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия гузашта, ҳазорон километр роҳро тай намуд.

Дар истгоҳи роҳи оҳани Москва мусофиронро наздикону пайвандон бо эҳсоси гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мусофирон аз шароити сафар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳаракати дубораи қатора барои онҳо имконияти муносиб фароҳам овардааст.

Ба гуфтаи онҳо, сафар бо роҳи оҳан на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас аст, балки барои оилаҳо, кӯдакон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ бароҳат ба ҳисоб меравад.

Онҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки солҳои зиёд мунтазири ин хатсайр буданд ва имрӯз бо хушҳолӣ шоҳиди амалишавии ин иқдом гардиданд.

Ҳамзамон барои мусофироне, ки чиптаро пешакӣ харидорӣ мекунанд, тахфифҳои махсус пешбинӣ гардидааст. Масалан, агар чиптаи вагони пласкарт аз 45 то 41 рӯз пеш аз сафар харидорӣ шавад, арзиши он аз 3390 сомонӣ то 1685 сомонӣ коҳиш меёбад. Инчунин барои вагони купе дар ҳамин муҳлат нархи чипта аз 4629 сомонӣ то 2618 сомонӣ пешниҳод мешавад. Масъулон мегӯянд, чунин имтиёзҳо барои ҳавасманд намудани хариди пешакии чиптаҳо ва дастрас кардани хизматрасонӣ ба мусофирон ҷорӣ гардидааст.

Масъулон таъкид мекунанд, ки барқарории ҳаракати қатора дар доираи ҳамкории Тоҷикистону Русия роҳандозӣ гардида, барои таъмини амнияти мусофирон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Қатораи Душанбе – Москва бо вагонҳои мусофирбаре фаъолият мекунад, ки барои сафарҳои тӯлонӣ мутобиқ буда, дорои ҷойҳои хоб, низоми ҳавотозакунӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.

Барқарор шудани ин хатсайри байналмилалӣ пас аз шаш соли танаффус на танҳо имконияти нави сафарро барои шаҳрвандон муҳайё месозад, балки ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Русия арзёбӣ гардида, аз густариши бештари робитаҳои дӯстонаи ду кишвар дарак медиҳад.

Июль 4, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд