Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 67-уми байналмилалии математика (International Mathematical Olympiad – IMO), ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 Ифтихорнома гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиадаи байналмилалии математика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои зеҳнии ҷаҳон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба шумор меравад. Он ҳамасола беҳтарин донишомӯзони зиёда аз 100 давлати ҷаҳонро ба ҳам меорад. Имсол дар олимпиада 117 даста иштирок намуда, аз рӯи шаш масъалаи мураккаби математикӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.
Ин дастовард идомаи иштироки босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математика маҳсуб шуда, аз самаранокии тадбирҳои амалишаванда барои дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳкими омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дарак медиҳад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






