Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Июль 17, 2026 09:54

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Брюссел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар Муколамаи 13-уми сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст ҷараёни рушди мушорикат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ ва устуворӣ, инчунин раванди иҷрои тавофуқоти нахустин Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни муколама иштирокчиён оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм, идораи сарҳадҳо, муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва ҳамгироии нақлиётӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2026 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд