Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «СҲШ дар давраи нав: аз ҳамдигарфаҳмӣ то ҳамкории амалӣ» баргузор мешавад.
Дар кори форум директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок менамояд.
Дар ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои мавзуӣ иштирокчиён нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилиро дар таҳкими эътимод байни давлатҳо, рушди ҳамкории байналмилалии иттилоотӣ, табдили рақамии фазои расонаӣ, густариши ҳамкории башардӯстона ва ҳамчунин масъалаҳои муҳими фазои иттилоотии ҷаҳонӣ баррасӣ менамоянд.
Дар кори форум ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, марказҳои таҳлилӣ ва созмонҳои дахлдор тақрибан аз 26 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикони муколама иштирок менамоянд.
АКС: АМИҚ «Кабар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






