Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд

Июль 26, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара ва дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир мешавад.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, аз моҳи июн то моҳи августи соли 2026 мутобиқи нақшаи алоҳида баргузор мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 26, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд