Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар доманакӯҳҳо то 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дараҷа гарм, рӯзона 39+44 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.








DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






