Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд

Июль 26, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзҳои фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир гардиданд.

Дар боғ аз ҷониби бахши кишоварзии ин ду ноҳия намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар он аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиш дода шуд.

Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчунин дар саҳни боғ  намоиши  намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо,  гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли равон ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе доир карда мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд