Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад

Июль 4, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ  шуда, дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво 32+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда,  дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат  меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-2 метр дар як сония мевазад. Дар пойтахт ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июль 4, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад