Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад

Июль 25, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар Душанбе то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона  30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

 

Июль 25, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад