Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» меҳмонон ва сокинони пойтахт намоиши дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Восеъро тамошо намуданд.
Деҳқонони ноҳия барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро омода сохтанд. Сокинон аз ин намоишгоҳ сабзавоти тару тоза, мева ва полезиҳоро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон дастрас намуданд.
Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмонро фароҳам оварданд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия то имрӯз зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст, аз ҷумла айни замон корхонаҳои мевахушккунӣ, қаннодию нонӣ бо фароҳам омадани ҷойи кору маоши муносиб фаъолият доранд.
Иншооти ба нақшагирифташуда асосан ба самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасониву савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим рост меояд.
Сохтмони нахустин бинои истиқоматии баландошёна дар маркази ноҳия бо сарпарастии Ҷамъияит дорои масъулияти маҳдуди «Баракат» бо маром идома дошта, дар назар аст дар арафаи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Восеъ бо таъриху фарҳанги бой ва мавзеъҳои ҷолибу диданӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Мавҷуд будани беш аз 50 ёдгории таърихиву меъморӣ, аз ҷумла маҷмааи таърихии Ҳулбук, шаҳракҳои қадимаи Сурхоб, Арал, Афғондилӣ, Учқун, Дарнайчӣ, Пушёни Поён, Гултеппа, Манзаратеппа, Кафтархона, Ғелот, Қалъаҷой, Ҳазорчашма, қалъаҳои Ҳулбуку Қайнар, кушки асримиёнагии Қурбоншаҳид, мақбараҳову қасрҳои куҳан ва амсоли инҳо, далели ин гуфтаҳоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»






































Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






