Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯи шуда, дар водиҳо ҳаво 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмудат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар пойтахт ҳаво шабона 24+26 дараҷа гарм ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






