Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дараҷа гарм, рӯзона 41+46 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои соф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 26+28 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






