Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд

Июль 20, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муғулистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷиикстон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд. Пеш аз барномаи консертӣ намоиши мусаввараҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар намоиш мусаввараю аксҳо, ки таъриху фарҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Имрӯз дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Алдаржавхлан Жуков доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи фарҳангу санъат барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷуиҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор шуданд.

Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон солҳои охир таҳким ёфта, ҷанбаҳои гуногун – аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоду фарҳангро фаро мегиранд. Гарчанде ки ин ду мамлакат бо ҳам ҳамсарҳад нестанд ва дар минтақаҳои ҷуғрофии гуногун ҷойгиранд, онҳо дар асоси манфиатҳои муштарак ва эҳтироми тарафайн ҳамкории мутақобилро рушд медиҳанд.

Тоҷикистону Муғулистон дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии қадимӣ мебошанд, ки асоси хуб барои ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ аст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳои шарқшиносӣ ва таъсири мутақобили фарҳангҳо мавзуи таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҳарду давлат мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд