ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ аст. Ин сохтори муҳими давлатӣ роҳи душвору пурхатарро тай намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба ниҳоди пешрафта ва таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор табдил ёфтааст. Кормандони ин ниҳод шабонарӯзӣ барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон, молу мулки онҳо ва амнияти иншооти муҳими давлатӣ омодаи хизмат ҳастанд. Онҳо новобаста аз гармию сармо, шабу рӯз ва рӯзҳои истироҳат бо шуҷоату масъулияти баланд дар мубориза бо сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода фаъолият менамоянд.
— Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти худро дар ду самти асосӣ-пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор ба роҳ мондааст.
Тавре сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Давлатзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 72 қисми оташнишонӣ, 20 дидбонгоҳи алоҳида, 3 раёсат ва 3 шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ фаъолият намуда, бо 405 воситаи нақлиёти махсус ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ин воҳидҳо бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин гардида, барои сари вақт бартараф намудани сӯхтор ва наҷоти шаҳрвандон омодагии доимӣ доранд.
Ба иттилои ҳамсуҳбат, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамот пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор мебошад. Дар шаш моҳи соли 2026 кормандони хадамоти оташнишонӣ 11 ҳазору 196 иншооти давлатӣ ва 412 ҳазору 533 манзили истиқоматиро мавриди санҷиш қарор дода, бо роҳбарони муассисаҳо ва сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар ҷараёни ин санҷишҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тавсияҳо дода шуданд.
Ба иттилои Саидҷамол Давлатзода, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар ҷумҳурӣ 513 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ беш аз 200 нафар аз коми оташ наҷот дода шуданд, ки ин аз сатҳи баланди омодагӣ ва касбияти кормандони соҳа шаҳодат медиҳад.
«Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имконияти техникии хадамот чанд маротиба беҳтар гардидааст. Воҳидҳои оташнишонӣ бо мошинҳои махсус, таҷҳизоти нафаскашии муҳофизатӣ, либосҳои махсус ва дигар воситаҳои муосир таъмин мебошанд. Аз ҷумла, дар ихтиёри хадамот мошинҳои зинадори баландошёна мавҷуданд, ки баландии онҳо ба 30, 60 ва ҳатто 90 метр мерасад. Ин техника имкон медиҳад, ки ҳангоми сар задани сӯхтор дар биноҳои баландошёна амалиёти наҷотдиҳӣ ва хомӯшкунӣ босамар анҷом дода шавад»,–афзуд Саидҷамол Давлатзода.
Ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, ки баъди ворид гардидани хабар оид ба сӯхтор навбатдори нуқтаи алоқа нахуст суроға ва хусусияти ҳодисаро муайян мекунад. Баъди дақиқ намудани маълумот фавран ҳайати шахсӣ бо бонги хатар ба маҳалли ҳодиса сафарбар мешавад. Қувва ва воситаҳои оташнишонӣ дар муҳлати то 45 сония аз мошинсарой баромада, ба сӯи маҳалли ҳодиса ҳаракат мекунанд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар баъзе ҳолатҳо танбашавии роҳҳо, тангии кӯчаҳои маҳаллаҳои истиқоматӣ ё корҳои таъмиру навсозии роҳҳо, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун метавонанд ба вақти расидани гурӯҳҳои оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса таъсир расонанд. Бо вуҷуди ин кормандони хадамот тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар ба маҳалли ҳодиса расида, пеши роҳи паҳншавии сӯхторро гиранд.
Бояд гуфт, ки баъзе шаҳрвандон иддао мекунанд, ки гӯё бархе мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ беоб ва ё камоб ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд. Инчунин шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки барои расонидани хизмат аз онҳо маблағ гирифта мешавад. Ин шикоятҳо асос доранд?
Дар посух ба ин саволҳо ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ин овозаҳо асос надошта, ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ пайваста дар ҳолати омодабош қарор доранд. Онҳо аз 3 то 40 тонна об захира мекунанд. Илова бар ин, хизматрасонии кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ пурра ройгон буда, барои хомӯш намудани сӯхтор ва наҷоти шаҳрвандон ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад. Зеро давлат барои кормандони хадамоти оташнишонӣ маоши моҳона муайян кардааст.
«Имрӯз кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ бо садоқат ба савганди касбӣ ҷони худро зери хатар гузошта, барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон, молу мулки онҳо ва амнияти ҷомеа хизмат менамоянд»,–гуфт дар анҷоми суҳбат Саидҷамол Давлатзода.
Ба андешаи мутахассисон, сабабҳои асосии сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқию газӣ, фарсуда шудани ноқилҳои барқӣ ва бе назорат мондани кӯдакон мебошанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқию газӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Инчунин ҳангоми мушоҳидаи сӯхтор бояд фавран ба рақамҳои 01 ё 101 занг зананд. Ҳангоми тамос суроғаи дақиқ, хусусияти ҳодиса ва ҷойи сар задани сӯхторро равшан шарҳ дода, то гирифтани дастури оператори хадамот хати алоқаро қатъ накунанд.
Оташнишонӣ аз ҷумлаи камтарин касбҳоест, ки аз соҳибкасб ҷасорат, матонат ва фидокориро талаб мекунад. Намояндагони ин касб ҳамарӯза барои наҷоти ҷони инсонҳо ва ҳифзи молу мулки онҳо ҳаёти худро зери хатар гузошта, бо оташ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо шоистаи қадрдонӣ ва эҳтироми ҷомеа мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ






