Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд

Июль 6, 2026 13:27

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Узбекистон, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд, ки бо имзо шудани санадҳои нави ҳамкорӣ барои густариши робитаҳои фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон

Аз 26 то 30 марти соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуданд. Дар доираи ин рӯзҳо, дар Иттифоқи рассомони Узбекистон таҳти унвони «Рангомезии Наврӯз» асарҳои рассомони муосири Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Дар намоиш зиёда аз 30 асари рассомон, аз ҷумла Фаррух Неъматзода, Далер Меҳтоҷов, Пайрав Гулов, Анваршо Сайфиддинов, Эркин Суюнов, Саодат Боронова ва Лутфия Ҳакимова ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир гардид.

Ҳамчунин дар доираи ин рӯзҳо, аз 23 то 25 март дар Кохи миллии санъати кинои Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор шуда, филмҳои ҳунарии тоҷик, аз ҷумла «Моҳӣ дар шаст», «Дар талоши ҳақиқат» ва «Зиндагӣ зебост» ба намоиш гузошта шуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

9 феврали соли равон дар шаҳри Давҳа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ифтитоҳ гардиданд. Пеш аз барномаи консертӣ намоишгоҳ доир шуд, ки дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, санъати дастӣ, маҳсулоти гуногун, мусаввараю аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли созҳои миллӣ, ансамблҳои давлатии «Зебо» ва «Парасту» дар сатҳи баланди касбӣ пешниҳод гардида, истиқболи гарму самимӣ ёфт.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Аз 24 апрел то 1 майи соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор шуданд. Дар доираи баргузории ин рӯзҳо, 27 апрел дар Китобхонаи миллии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид. Ба намоишгоҳ 38 асар ворид гардид. Самти мавзуии онҳо абстраксия, нақшу нигори миллӣ ва рангорангӣ, инчунин осори санъати муосири Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор шуданд. Дар ин рӯзҳо се филми ҳунарии тоҷик – «Дар талоши ҳақиқат», «Зиндагӣ зебост» ва «Пайроҳаи хашм» ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018, 2024 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Аз 18 то 21 май дар шаҳри Бишкек Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардиданд. Дар доираи ин чорабинӣ ҳунармандон ва дастаҳои эҷодии Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуданд. Он иҷрои сурудҳои мардумӣ ва эстрадӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои театриро, ки мероси ғании фарҳангии халқи тоҷикро таҷассум менамоянд, дар бар гирифт.

Дар доираи баргузории ин рӯзҳо, дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Қирғизистон ба номи Г. Айтиев намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон–мерос барои оянда» баргузор шуд. Дар намоишгоҳ маҷмуаи нодири асарҳои рассомӣ ва графикӣ пешниҳод карда шуд, ки зебоии табиати Тоҷикистон, ғановати анъанаҳои миллӣ, фалсафаи Шарқ ва диди муосири ҳунарии ҷаҳонро таҷассум менамоянд.

Дар асарҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳи махсус ба манзараҳои бошукуҳи кӯҳистони Тоҷикистон, саҳнаҳои ҳаёти мардум ва фарҳанги анъанавӣ, мероси таърихӣ, нақшу нигорҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик зоҳир гардидааст.

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории гуманитарӣ байни ду давлати бародар саҳми муҳим хоҳад гузошт.

Аз 18 то 20 май дар кинотеатри «Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкек Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон имконияти хуб барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Бишкек дар мавзуи «Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ» ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир шуд. Дар ҳамоиш иброз гардид, ки осори Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов то имрӯз наслҳо ва халқҳоро ба ҳам мепайванданд ва аз рисолати баланди адабиёт дар таҳкими сулҳ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил ёдовар мегарданд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Он барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 6, 2026 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд