Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст

Июль 9, 2026 13:58

ДУШАНБЕ, 09.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3500 муассисаи фарматсевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус 8 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

«Дар шаҳри Душанбе 804 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 545, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 703, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 386, дар вилояти Суғд 991 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 71 муассисаҳои фармасевтӣ фаъолият доранд», — изҳор гардид дар нишаст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар ин давра зиёда аз 55,5 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 миллион адад зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 дастуру супориш доданд, ки «бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ба роҳ монда шавад».

Бо мақсади иҷрои ин супориш аз ҷониби масъулин лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Мақсад аз қабули ин Барнома фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои истеҳсоли доруворӣ дар дохили мамлакат ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда бояд васеъ истифода намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд