Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии ҶСО «МегаФон»-и Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии оммавии «МегаФон»-и Федератсияи Русия Хачатур Помбухчан вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини фаъолияти устувору бефосилаи шабакаҳо, суръат бахшидан ба амалӣ намудани технологияҳои нав, густариши фарогирии шабакаҳои алоқа, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Исфандиёри Саъдулло афзуд, ки Хадамоти алоқа ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини рақобати солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарндагон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва рушди устувори инфрасохтори рақамии мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои ширкат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






