ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Ҳасанбой»-и ноҳияи Носири Хусрав дорои 8,5 гектар замин буда, дар он пахта, шолӣ, ҷуворимакка ва зироати полезӣ парвариш карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин хоҷагии деҳқонӣ яке аз хоҷагиҳои намунавӣ буда, аҳли заҳмати он бо истифодаи самараноки замин ва гузаронидани кишти такрорӣ ду-се ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
Тавре роҳбари хоҷагӣ Раҷабгул Сафармуродова иброз дошт, «давоми панҷоҳ сол аст ба кишовразӣ машғулам. Солҳои пеш дар ин водӣ танҳо пахта кишт карда мешуд. Бо мурури замон бо ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ имконияту шароит фароҳам оварда шуд, ки кишти навъҳои гуногуни зироат вобаста ба иқлими ноҳия парвариш карда шавад».
Раҷабгул Сафармуродова солҳои пеш ҳамчун ронандаи трактор фаъолият намудааст. Имрӯз низ ба синни худ нигоҳ накарда, баробари аҳли хонавода дар саҳро заҳмат мекашад.
«Замин ҳам меҳру садоқат мехоҳад, агар сидқан меҳнат кунем, ҳосили дилхоҳу фаровон ҳам ба даст меояд. Ҳар зироат бояд дар вақташ кишт ва нигоҳубин карда шавад. Инчунин ҳар сол кишти зироатро бояд иваз намуд Масалан, имсол дар ҷойи замини шолӣ мо пахта кишт кардем, ки нашъунамояш хеле хуб аст ва аллакай аввали моҳи август чиниши он оғоз меёбад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Иброз гардид, ки киштгардон, яъне коштани як навъи зироат дар ҷойи зироати дигар имконият медиҳад, ки қувватнокии замин нигоҳ дошта шуда, ҳосилнокии маҳсулот ҳам афзун гардад. Парвариши шолӣ дар иқлими ноҳияи Носири Хусрав хеле мувофиқ аст. Ҳарчанд нигоҳубини он заҳмати зиёд талаб кунад ҳам, аммо кишти он заминро аз шӯршавӣ нигоҳ дошта,таркиби заминро тоза мекунад.
Иброз гардид, ки аҳли ин хоҷагӣ соли 2025 ҳосили хуб гирифта буданд. Хоҷагидорон имсол низ кӯшиш мекунанд, ки бо нигоҳубини саривақтӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид сифату ҳосилнокии зироатро баланд бардоранд.
Дар айни замон дар замини хоҷагӣ пас аз ҷамъоварии ғалладонагӣ зироати пахта, ҷуворимакка ва полезӣ кишт карда шудааст. Раҷабгул Сафармуродова изҳор дошт, ки дар баробари таъмини хонавода бо маводи озуқаворӣ онҳо талош менамоянд, ки бозорҳои истеъмолиро ҳам бо маҳсулоти истеҳсолкардаашон таъмин намуда, дар рушди устувору босуботи соҳаи кишоварзӣ саҳми муносиб гузоранд.
Мунира АБДУРАСУЛОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






