Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид

Июль 25, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин санад барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иштирокчиён доир ба имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ, BIG DATA ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал мубодилаи афкор намуданд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим имрӯз ба самти афзалиятноки рушди илми муосир табдил ёфтааст. Ин технологияҳо имкон медиҳанд ҳаҷми бузурги маълумоти илмӣ бо суръати баланд таҳлил гардида, дар омӯзиши равандҳои биологӣ, моделсозии ҳодисаҳои физикӣ, пешгӯии тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами экологию иқтисодӣ натиҷаҳои дақиқ ба даст оварда шаванд.

Дар ин замина рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардид.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд