«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди маҷмааи муосири технологӣ ва инноватсионии «IT Hub Dushanbe» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар шаҳри Душанбе баъди сохта, ба истифода додан ба ташаккули экосистемаи иқтисоди рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, соҳибкории технологӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос равона мегардад. Чунин посух дод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини якуми Директории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Ҳаким Исмоилзод 16 июл дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони расонаҳои хабарӣ.
Гуфта шуд, ки «IT Hub Dushanbe» бо мақсади рушди технологияҳои рақамӣ, дастгирии навоварӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад. 9 июни соли 2026 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe», ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, санги асос гузошта шуд.
Татбиқи ин лоиҳа аз сиёсати дурбинона ва ҳадафмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ сарчашма гирифта, барои ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар мамлакат заминаи устувор фароҳам меорад.
Маҷмааи «IT Hub Dushanbe» чун маркази ягона ва мутамаркази рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инноватсия, соҳибкории технологӣ, таҳқиқоти илмӣ, рушди зеҳни сунъӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар оянда метавонад ба яке аз марказҳои муҳимтарини технологӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Ҳаким Исмоилзод оид ба хусусиятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии лоиҳаи «IT Hub Dushanbe» маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳамияти маҷмааро барои рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тавзеҳ дод.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаи «IT Hub Dushanbe» ба 100 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, сохтмони он бо истифода аз стандартҳои муосири байналмилалӣ, технологияҳои пешрафтаи муҳандисӣ ва инфрасохтори рақамӣ амалӣ мегардад.
Маҷмаа дар маҷмуъ зиёда аз 53 ҳазор метри мураббаъ масоҳати сохтмониро дар бар гирифта, аз чор иншооти калидӣ иборат мебошад. Дар доираи фаъолияти он барои 5 ҳазор нафар фазои мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, дар он ҷойгиршавӣ ва фаъолияти садҳо ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, марказҳои таҳқиқотӣ, лабораторияҳои илмӣ, ширкатҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Мактаби IT-и шаҳри Душанбе (Dushanbe IT School)
Яке аз биноҳои маҷмаа таъсиси Мактаби IT-и шаҳри Душанбе (Dushanbe IT School) мебошад, ки ҳамчун муассисаи муосири таълимӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи технологияҳои рақамӣ пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур аз бинои муосири 10-ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии сохтмон 10 ҳазор метри мураббаъ буда, барои таҳсили ҳамзамони 1500 хонанда ва донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Дар муассиса синфхонаҳои интеллектуалӣ, озмоишгоҳҳои муосир, марказҳои таҳқиқотӣ, минтақаҳои коворкинг, маркази коркарди маълумот, осорхонаи технологӣ ва инфрасохтори пешрафтаи таълимӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин ҷо мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои муосир, аз ҷумла барномасозӣ, муҳандисии нармафзор, таҳлили додаҳо, амнияти киберӣ, робототехника ва зеҳни сунъӣ омода карда мешаванд. Ин муассиса дар рушди сармояи инсонӣ ва омода намудани насли нави муҳандисон ва таҳиягарони рақамии Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад дошт.
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе
Яке аз муҳимтарин бахшҳои маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Дар заминаи Марказ маҷмааи муосири таҳқиқотӣ, маркази рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, маркази намоишгоҳҳои байналмилалӣ, маҷлисгоҳҳои калон барои баргузории форумҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, маркази коркарди маълумот ва инфрасохтори ҳисоббарории муосир ҷойгир карда мешаванд.
Як хусусияти ин Марказ бунёди маркази коркарди додаҳои зеҳни сунъӣ бо истифода аз манбаъҳои энергияи «сабз» мебошад, ки иқтидори он аз 50 то 75 мегаватт пешбинӣ гардидааст. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон зерсохтори муосири рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ ва коркарди ҳаҷми бузурги маълумот таъсис дода шавад. Бо таъсиси ин Марказ шаҳри Душанбе метавонад ба яке аз марказҳои асосии рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, таҳқиқоти рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар минтақа табдил ёбад.
«IT Park Dushanbe»
Қисмати дигари маҷмааи «IT Hub Dushanbe» «IT Park Dushanbe» мебошад, ки ҳамчун муҳаррики рушди соҳибкории рақамӣ ва экосистемаи стартапии Тоҷикистон фаъолият хоҳад намуд. Дар доираи фаъолияти «IT Park Dushanbe» барои таъсис ва рушди ширкатҳои технологӣ, ҷалби сармоягузорон, дастгирии стартапҳо ва рушди содироти хизматрасониҳои рақамӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар «IT Park Dushanbe» фазоҳои муосири корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, марказҳои рушди соҳибкорӣ, маркази хизматрасонии «Равзанаи ягона», марказҳои коркарди маълумот ва дигар зерсохторҳои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.
Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоот — IT Business Center
Бузургтарин иншооти маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоотӣ (IT Business Center) мебошад, ки ҳамчун маркази корпоративии ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва ташкилоти байналмилалӣ хизмат хоҳад кард. Ин марказ аз бинои муосири 23-ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он зиёда аз 21 ҳазору 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар марказ дафтарҳои муосири корӣ, толорҳои конфронсӣ, марказҳои хизматрасонии рақамӣ, толорҳои намоишӣ ва истгоҳи чархбол ҷойгир карда мешаванд. Иншоот барои ҷойгир намудани ширкатҳои байналмилалии технологӣ, операторони алоқаи мобилӣ, намояндагиҳои корпоратсияҳои ҷаҳонӣ ва ташкилоти байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо бунёди маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» пойтахти Тоҷикистон –Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионӣ табдил меёбад.
Ҳаким Исмоилзод таъкид намуд, ки бунёди маҷмааи муосири инноватсионию технологии «IT Hub Dushanbe» на танҳо маҷмааи сохтмонӣ, балки платформаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои пешрафта мебошад. Татбиқи ин тарҳи муосир дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе барои рушди сармояи инсонӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор, рушди содироти хизматрасониҳои рақамӣ ва ташаккули муҳити мусоиди соҳибкории технологӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш дар 8061 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад






