Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад

Июль 10, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре омор нишон медиҳад, муошират тадриҷан ба онлайн мегузарад: корбарони алоқаи мобилӣ камтар занг мезананд, аммо аз паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва алоқаи видеоӣ фаъолтар истифода мебаранд. Ин талаботро ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тағйир медиҳад. Ҳаҷми зиёди трафики интернет  ба ҷойи аввал мебарояд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба одатҳои мо таъсир мерасонанд – мо дар асл нисбат ба пеш камтар сухан мегӯем. Инро олимони донишгоҳҳои Миссури ва Аризона муайян карданд. Онҳо рафтори одамонеро, ки суҳбатҳои худро солҳои 2005 – 2019 сабт мекарданд, таҳлил намуданд. Маълум шуд, ки шумораи миёнаи калимаҳои дар як рӯз талаффузшаванда қариб 28 фоиз — аз 16,6 ҳазор то 11,9 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Ин тамоюлро таҳлилгарони рус аз Yota низ тасдиқ мекунанд. Соли 2025 онҳо чунин маълумотро интишор карданд: давоми сол трафики миёнаи овозӣ барои як муштарӣ 12 фоиз кам шуда, таҳвили маълумоти мобилӣ 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Муошират бештар бо муҳити рақамӣ омезиш меёбад. Маҳз ҳаҷми интернет  ва фардикунонӣ ҳангоми интихоби алоқаи мобилӣ омилҳои ҳалкунанда мегарданд.

Чунин равиш дар силсилаи тарофавии «Биё! Бисоз 2.0» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Ба истифодабаранда ҳамон  ҳаҷми трафик, ки шахсан ба ӯ муносиб  ва кифоя аст,  пешниҳод мегардад.

Яке аз вариантҳои серталаб дар байни муштариёни ширкат  баста бо нархи 148,50 сомонӣ мебошад. Ба он 70 Гб интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 70 дақиқа ба дигар шабакаҳо дар Тоҷикистон, интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59, инчунин дастрасии ройгон ба «Oila TV» ва онлайн-кинотеатри «Иви» дохил мешаванд.

Афзалияти иловагии ин силсила – имконияти ҳар моҳ дучанд кардани ҳаҷми трафики интернет давоми сол ҳангоми интихоби тарофа бо арзиши аз 100 сомонӣ ва зиёдтар мебошад. Масалан,  70 Гб ба баста  дохил шуда,  ҳар моҳ бе ягон пардохти иловагӣ ба 140 Гб табдил меёбад. Воқеан,  истифодабаранда бе болоравии нарх ду баробар бештар интернет ба даст меорад, ки ин дар шароити рушди муоширати рақамӣ хеле муҳим аст.

Барои онҳое, ки интернети мобилиро фаъолона истифода мебаранд, МегаФон Тоҷикистон имконоти дастрасро бо ҳаҷми бештари трафик пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, дар вилоятҳои Суғду Хатлон тарофаҳои дохилӣ амал мекунанд, ки дорои 100 ё 150 Гб мебошанд.

Дар ин силсила тарофаҳои «Суғд 100», «Суғд 150» ва «Хатлон 150» пешниҳод шудаанд, ки параметрҳои асосӣ аллакай дар номашон инъикос ёфтаанд. Масалан, тарофа бо 150 Гб 150 сомонӣ дар як моҳ арзиш дошта, яке аз пешниҳодҳои муфидтарин ба ҳисоб меравад. Ба ҳама тарофаҳои дохилӣ зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, интернети бемаҳдуди шабона (аз соати 00:00 то 06:59), дастрасӣ ба «Oila TV» ва онлайн-кинотеатри «Иви» дохил мешаванд. Чор моҳи аввал дар тарофаҳо барои сокинони Суғду Хатлон 50 фоиз тахфиф амал мекунад.

Тарофаи муносибро дар замимаи «МегаФон Life», идораҳои хизматрасонӣ ва толорҳои фирмавии «МегаФон Тоҷикистон» интихоб кардан мумкин аст. Бастаи хизматрасониҳоро  бо ҳамон ҳаҷми трафики  интернет, ки  барои шумо зарур аст,  пайваст кунед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 

Июль 10, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад