«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд

Июль 9, 2026 15:53

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатии дахлдор тибқи нақша то 31 майи соли равон дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 774 ҳазору 939 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 104 фоизи нақшаи ниҳолшинонии соли 2026-ро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмуъ 86,6 гектар қитъаҳои замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист вобаста намудааст.

Ин қитъаҳо таворабандӣ гардида, дар он 128 ҳазору 500 бех қаламча-кучат навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда дар соли 2026 шинонида шуда, инчунин 2 ҳазору 933 килограмм тухмии дарахтон кишт карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки тибқи он то соли 2040 дар Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешавад.

Барнома як ҳуҷҷати муҳими экологӣ буда, ҳадафаш беҳтар намудани муҳити зист, мубориза бо гармшавии иқлим ва зиёд намудани майдони дарахтон дар мамлакат мебошад. Инчунин барнома ба кам кардани газҳои гулхонаӣ дар раванди тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисоди «сабз» мусоидат намуда, то соли 2040 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар