Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид

Июль 28, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон бо номи «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» тавассути Муассисаи нашриявии «Дониш» ба табъ расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муаллифи китоб хабар дод.

Дар китоб таъкид шудааст, ки дар бузургтарин катибаи аҳди бостон – Катибаи Бесутун ва катибаи давраи миёна – Работак аз забони пешинаи мо  – забони ориёӣ ёд шудааст. Ниёгони шарафманди ориёии мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забон ва мардум на танҳо қавми худ, балки забонашонро низ аз рӯзгори қадим ориёӣ ном бурдаанд. Баъдан дар дарозои таърих забони модарии мо бо номҳои порсӣ (форсӣ), порсии дарӣ (форсии дарӣ), дарӣ ва тоҷикӣ шуҳрат пайдо кард.

Бино бар ин, бо камоли итминон метавон гуфт, ки вожаи «ориёӣ» ба забону миллати мо пайванди азалӣ ва ногусастанӣ дорад ва забони модарии мо аз бомдоди таърих то ба имрӯз, яъне дар муддати ҳазорон сол аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ роҳи пурпечутоби такмилу такомул паймудааст.

Бо ташаббуси Пешвои миллат Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардидани соли 2006 дар Тоҷикистон ва ба сифати идомаи мантиқии ҳамин иқдом дастури дар шаҳри Душанбе бунёд намудани «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз», ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ба гузаштаи пурифтихор ва асолати ориёии мо вобастагии амиқ дорад.

Дар фаслҳои ҷудогонаи китоби мавриди назар масъалаҳои марбут ба дигар номҳои забони модарӣ аз оғози ташаккул то ба имрӯз, аз ҷумла забони хусравӣ, ки муродифи вожаи дарӣ мебошад, доманаи густариши забони мо давоми таърих, бархе вижагиҳои луғавию овоии он, фарҳангнигории тоҷикӣ, нақши шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла Устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пешрафту шукуфоии забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

АКС аз муаллиф

Июль 28, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид