Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид

Июль 23, 2026 14:58

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Роғун»- китоби нави нависандаи тоҷик Маҷид Салим ба табъ расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоб аз очерку қиссаҳо дар бораи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва бунёдкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

Қиссаву очеркҳои ҷамъоваришуда дар солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Муаллиф бо самимияти хосса талоши коргарон, садоқати муҳандисон ва табиати Роғунро моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст.

Тавассути мутолиаи ин китоб хонанда аз фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳамияти стратегӣ ва меҳнати фидокоронаи бунёдкорони ин иншооти аср хуб воқиф мегардад.

Тавре муаллиф дар маводи «Қиссаи Роғун» нигоштааст: «…иқлими муътадил ва аз ҳар ҷиҳат мусоиди экологии Роғун имкон додааст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар муҳлати муқарраршуда бунёд гардад. Ҳамин, ки неругоҳ пурра ба кор шуруъ намояд, дар ин ҷо обанбори бузурге пайдо мешавад, он гоҳ «Роғун» Тоҷикистонро на танҳо бо барқ таъмин месозад, балки боиси шодоб шудани садҳо гектар замин ва эҳёи муҳити зист хоҳад гашт».

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2026 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд