КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад

Июль 10, 2026 08:53

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар даромадгоҳи шаҳр дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ медиҳад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар атрофи иншоот идома дошта, мутахассисон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани он талош доранд.

Иншооти мазкур бо маблағи зиёда аз якуним миллион сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ сохта шуда, яке аз рамзҳои муҳими зебоӣ, рушди инфрасохтор ва муаррифии симои муосири маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Дарвозаи нав бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ сохта мешавад. Бунёди чунин иншооти муҳиму замонавӣ боз як қадами устувор дар роҳи ободу зебо гардидани шаҳри Хоруғ буда, ба баланд бардоштани нуфузи шаҳр, рушди сайёҳӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди шаҳрсозӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 10, 2026 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд