Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд

Июль 7, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд. Дар ин хусус директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода 6 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳаи нақшаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2027-2031» ва дигар манбаъҳои буҷавӣ 15 ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди тармим, бозсозӣ ва маҳфузмонӣ қарор дода мешаванд.

«Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии муассиса ва бомпӯши Мадрасаи Куҳна дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Агентӣ бо мақсади таҳкими мероси бостоншиносӣ, корҳои муҳофизатии ҳудуди Пойгоҳи бостоншиносии Теғузакро анҷом дод»,-таъкид шуд дар нишаст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд