Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад

Июль 31, 2026 15:48

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо бунёд карда шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо дар мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарияти ширкати чинии «Wangneng Environment» баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба коркарду истифодаи партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва истеҳсоли неруи барқ равона гардидааст, табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2026 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд