Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 июл дар натиҷаи фаромадани сел ба деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят доданд, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти баамаломада таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, ба оилаҳои зарардида кумаки Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нав ва маводи ғизоӣ фиристода шуд, ки он 24 июл ба ноҳияи Рӯшон расид.
Сокинони зарардида барои дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин таваҷҷуҳ дар рӯзҳои душвор ба онҳо руҳбаландӣ мебахшад.
Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 10 оилае, ки дар натиҷаи офати табиӣ манзилҳои онҳо пурра вайрон гардидааст, сохтмони хонаҳои нав оғоз шудааст. Ҳамчунин барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои зарурӣ идома дошта, тамоми сохторҳои марбута дар маҳал фаъолона кор мекунанд.
Шарифхон Сафарзода бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ шинос гардида, ба масъулон барои суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии зарардида дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ дар деҳаи Баррӯшон ва Деҳрӯшони Ҷамоати деҳоти Назаршоҳ Додихудоеви ноҳияи Рӯшон сел ҷорӣ шуда, ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид. Сел ба хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, майдончаи варзишӣ, кӯчаҳо ва роҳравҳо хисорот ворид намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






