Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

Июль 6, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Корея ҳамоиш доир гардид, ки дар он лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар пойтахт ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш ҳисоботи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (аз хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки давлатӣ) то Дарвозаи шарқии пойтахт), ки аз ҷониби корпоратсияи «Роҳи оҳани Корея», ширкатҳои «Cheil Engineering», «DMEC Engineering» ва Донишгоҳи Сеули Корея амалӣ шудааст, пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Соли 2024 марҳилаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, қисмати аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки давлатӣ) аз ҷониби ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» амалӣ гардида буд.

Ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки марҳилаи асоснокунии техникии иқтисодӣ ва лоиҳакашии ин қисматро солҳои 2026-2028 анҷом диҳанд. Аммо, бо назардошти зиёд будани шумораи гардиши мусофирон дар масири хиёбони Саъдии Шерозӣ — Дарвозаи шарқии пойтахт, талаботи барзиёд ба нақлиёти ҷамъиятӣ, зиёд будани ҳолатҳои тамбашавӣ ва зичии ҳаракат дар ин роҳ назар ба масири қаблӣ (аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то Сирки давлатӣ) ҷонибҳо қарор доданд, ки корҳои лоиҳакашии пешакӣ ва омӯзиширо ба ин масир равона намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи ноябри соли 2025 зимни сафари намояндагони ширкатҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки содирот ва воридоти Корея ва Консортсиуми Донишгоҳи Сеул аз ҷониби корпоратсияи «Роҳи оҳани Корея», ширкатҳои «Cheil Engineering», «DMEC Engineering» ва Донишгоҳи Сеули Корея корҳои омӯзишӣ дар лоиҳа оғоз гардид.

Дар ин муддат, мутахассисони Тоҷикистону Корея тамоми ҷанбаҳои техникию иқтисодии лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, имконияти сохтмони метрои зеризаминиро дар ин қисмат ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Айни замон, ҷонибҳо барои ҳарчи зудтар оғоз намудани марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии он корабарӣ намуда истодаанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 6, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд