Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ соли охир ба яке аз шарикони калидии Бунёди иқлими сабз (Green Climate Fund — GCF) табдил ёфта, нақши пешсафи он дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ҳарчи бештар мавриди эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ қарор мегирад. Чунин изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуарте, ки пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Мафалда Дуарте изҳор дошт, ки Бунёди иқлими сабз бузургтарин бунёди бисёрҷонибаи иқлимӣ дар ҷаҳон буда, ба 134 давлати рӯ ба рушд барои татбиқи тадбирҳои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд. Дар давоми даҳ соли фаъолият Бунёди иқлими сабз зиёда аз 20 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ намуда, ҳамзамон беш аз 80 миллиард доллар сармояи иловагиро ҷалб намудааст.
«Соли равон аз оғози ҳамкории Бунёди иқлими сабз бо Тоҷикистон даҳ сол сипарӣ мешавад. Аввалин лоиҳаи бунёд барои Тоҷикистон соли 2016 тасдиқ гардида буд. Дар ин давра Бунёди иқлими сабз ба Тоҷикистон 175 миллион доллар маблағ ҷудо намуда, ҳамзамон барои татбиқи 9 лоиҳа дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, низоми огоҳсозии бармаҳал ва дигар самтҳои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим беш аз 600 миллион доллар сармояи иловагӣ ҷалб кардааст»,-тазаккур дод Мафалда Дуарте.
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи 45-уми Шурои Бунёди иқлими сабз, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе идома дорад, боз ду лоиҳаи нав барои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар мавриди баррасӣ қарор доранд. Бо назардошти маблағгузории шарикон ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи ин ду лоиҳа тақрибан ба 130 миллион доллар мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории Бунёди иқлими сабз бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ натиҷаҳои назаррас овардааст. Аз ҷумла, ду сол пеш нахустин ниҳоди миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалии бунёд гузашта, барои татбиқи мустақими лоиҳаҳои иқлимӣ имконияти нав пайдо намуд.
Мафалда Дуарте ба нақши минтақавии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, гуфт, ки бо назардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, пиряхҳо ва мавқеи фаъоли байналмилалӣ, Тоҷикистон дар таҳкими устувории иқлимии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад.
Ба сифати намуна ӯ аз барномаи минтақавии «Аз пиряхҳо то заминҳои кишоварзӣ» (Glaciers to Farms) ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ва ҳашт давлати дигарро фаро мегирад. Дар доираи ин барнома, Бунёди иқлими сабз 250 миллион доллар сармоягузорӣ менамояд, ки барои ҷалби иловагии 3,2 миллиард доллар ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои иқлимӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
«Баргузории ҷаласаи Шурои Бунёди иқлими сабз дар шаҳри Душанбе бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад. Намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳангоми ташриф ба Тоҷикистон на танҳо бо меҳмоннавозии мардуми тоҷик, балки бо нақши пешбарандаи ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз наздик ошно мешаванд», — иброз дошт Мафалда Дуарте.
Ба таъкиди ӯ, мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистон дарки амиқ аз мушкилоти глобалии замони муосир дошта, барои муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузоранд.
«Имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба чунин роҳбарӣ ва чунин дидгоҳ ниёз дорад, то бо талошҳои муштарак ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим муқовимат намуда, ҷомеаҳои осебпазирро дастгирӣ ва ба ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба иқлим ноил гардад», — гуфт директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






