Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Бо даъвати Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 20-22 июли соли 2026 ба ин кишвари Осиёи шарқӣ сафари давлатӣ анҷом доданд.
Аз рӯзи нахустини ин сафари таърихӣ эҳсос карда шуд, ки ҷониби Муғулистон ба натиҷаҳои самарабахши он эътимоди қавӣ дорад. 20 июли соли 2026 истиқболи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Улан-Батор дар сатҳи баланди ташкилию ташрифотӣ анҷом дода шуд.


Дар фурудгоҳ ва кӯчаю хиёбонҳои марказию асосии пойтахти Муғулистон — шаҳри Улан-Батор аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парчамҳои кишвари мо бо кишвари мизбон насб гардида буд, ки аз таваҷҷуҳи хосаи ҷониби Муғулистон ба натиҷаҳои самаровари ин сафари давлатӣ башорат медод.
Бегоҳии рӯзи нахустини сафари давлатӣ ба Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи шаҳри Улан-Батор ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд.

21 июли соли 2026, расо соати 10-и субҳ ба вақти Улан-Батор дар майдони марказии пойтахти Муғулистон маросими бошукуҳи истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо фарогирии дигар чорабиниҳои сатҳи баланди ташрифоти давлатӣ- гузаштан ба болои шоҳсуфаи фахрӣ, гузориши сардори қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, қадамзании мутантану гузашти ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.



Масоили рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ва сипас дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироии ҷониби Муғулистон изҳори сипос намуда, мулоқоту музокироти байнидавлатиро тавсеабахши ҳамкории судманди дуҷонибаи кишварҳо арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, тақвияти робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ таъкид намуданд.

Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шаванд.
Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардиданд.
Муҳимияти фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмуи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ таъкид карда шуд.


Бо назардошти мақоми шоистаи ҳамкории гуманитарӣ дар муносибатҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон аҳамияти ташкил ва гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи илму маориф, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Аз Муғулистони дӯст барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва дигар пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим изҳори сипос карда шуд.

Дар ин зимн аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду ҷониб дар чорчӯби Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бахусус таъкид гардид.
Дар идомаи мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Изҳороти муштарак қабул намуданд.

Дар ҳузури роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух сипас Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти миллии геологияи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва захираҳои минералии Муғулистон, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ ва Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 баъд аз имзо табодул карда шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух зимни нишасти матбуотӣ натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Муғулистонро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 20 — 21 июл дар шаҳри Улан-Батор ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва аз 18 то 22 июли соли 2026 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.



Тавре иброз гардид, дар ҷараёни ин сафари давлатӣ 11 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид, ки дар доираи ин санад ҳамкории тиҷоратӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ ва байторӣ густариш меёбад.
Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлкат мусоидат менамояд. Инчунин ҷонибҳо дар доираи ин ҳуҷҷат ташкили боздиди мутахассисони кишоварзии Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хокшиносиро ба роҳ мемонанд.
Дар назар аст, ки бо мақсади рушди қутоспарварӣ ва беҳтар намудани зоти қутос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар масъалаи харидории қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ва мубодилаи маводи зотпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорвои хурд ва калони самти ширӣ, гӯштию ширӣ ва гӯштӣ низ бештар гардад.
Дар асоси ин санад мониторинги ҳолати эпизоотӣ дар ҳудуди ду давлат ва сари вақт огоҳ намудан аз ҳолати пайдоиши касалиҳо, инчунин фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои савдои чорво ва маҳсулоти чорводорӣ (эътирофи сертификатҳои байторӣ ва протоколҳои дахлдор) амалӣ мегардад.
Санади дигари имзошуда ин Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш мебошад, ки марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасб оғоз бахшида, барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, татбиқи технологияҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти техникӣ ва касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Тибқи муқаррароти ин санад, ҷонибҳо ҳамкориро дар самти баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, такмили низоми омодасозии мутахассисон ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ густариш медиҳанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ташкили мубодилаи омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳассилин мебошад, ки ба такмили дониш, малака ва таҷрибаи касбии онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи ин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи таҷриба, технологияҳои нави таълим, маводи илмӣ ва усулҳои муосири омӯзиш таваҷҷуҳи махсус дода шуда, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, амалисозии лоиҳаҳои таълимӣ, таҳияи манобеи нави таълимӣ ва баргузор намудани конференсияҳо, машваратҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба рушди низоми таҳсилоти техникӣ ва касбӣ дар ду кишвар мусоидат менамояд. Барои ҳамоҳангсозии татбиқи созишнома гурӯҳи кории муштарак аз намояндагони ҳар ду ҷониб таъсис дода мешавад, ки вазифаи он таҳияи нақшаҳои мушаххаси чорабиниҳо, муайян намудани масъулон ва мубодилаи мунтазами иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои онҳо мебошад.
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон қадами муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманди ду давлат ба ҳисоб рафта, дар оянда ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва касбиро байни муассисаҳои соҳа густариш мебахшад.
Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддат, самаранок ва барои ҳар ду ҷониб судмандро дар самти татбиқи лоиҳаҳои содиротӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак фаро мегирад.
Дар асоси ин санад ҷонибҳо дар самтҳои зерин: татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба рушди содирот нигаронида, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи содирот, имконоти содиротӣ, созишномаҳои тиҷоратии имтиёзнок, қоидаҳои муайян намудани давлати истеҳсол, тадбирҳои мусоидат ба тиҷорат ва хизматрасониҳои дастгирии содирот дар ҳар ду мамлакат ҳамкориро густариш медиҳанд.
Инчунин дар доираи татбиқи ин санад ҷонибҳо бо мақсади беҳтар намудани фазои содиротӣ, рушди содироти дуҷониба ва мусоидат ба иштироки соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳо, ярмаркаҳои байналмилалӣ ва форумҳои соҳибкорӣ мизҳои мудаввар, форумҳо, вохӯриҳо, машваратҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои таблиғотӣ мегузаронанд.
Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон ҳамчунин ташкили вохӯриҳои мустақими соҳибкорӣ (B2B) ва шабакаҳои ҳамкорӣ байни содиркунандагон, воридкунандагон, сармоягузорон ва дигар субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат, мусоидат ба муаррифӣ ва пешбурди молҳо ва хизматрасониҳои ҳар ду кишварро пешбинӣ менамояд.
Дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти миллии геологияи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ ба имзо расид.
Ин қадами муҳим дар самти густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи геология арзёбӣ мегардад ва барои мубодилаи таҷриба, татбиқи технологияҳои нав, гузаронидани таҳқиқоти муштараки геологӣ, омӯзиши захираҳои маъданӣ ва омода намудани мутахассисон замина фароҳам меорад.
Ин санад метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминии ҳар ду кишвар мусоидат намуда, нишонаи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти геология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз ҷумлаи санади муҳими дигар ба ҳисоб меравад, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ба имзо расид.
Тибқи ин санад Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ҳамкорӣ менамоянд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ба имзо расида, ташкили заминаи ҳуқуқии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо байни ду давлат, инчунин транзит тавассути ҳудуди онҳо ва ҳамлу нақл ба кишварҳои сеюмро фаро мегирад.
Ин санад ҳамчунин тартиби амалисозии ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами мусофирон, интиқоли байналмилалии борҳо, низоми додани рухсатномаҳо, талабот ба воситаҳои нақлиёт ва ронандагон, инчунин масъалаҳои бехатарии ҳаракат, ҳифзи муҳити зист, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкории мақомоти салоҳиятдорро муайян менамояд.
Дар доираи Созишнома таъсиси Комиссияи муштарак пешбинӣ шудааст, ки вазифаи он ҳамоҳангсозии татбиқи муқаррароти Созишнома, баррасии масъалаҳои амалии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва ҳалли баҳсҳои эҳтимолӣ мебошад.
Мақомоти салоҳиятдори татбиқи Созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муғулистон Вазорати рушди роҳ ва нақлиёти Муғулистон мебошанд.
Тибқи нақша, татбиқи Созишнома ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, тавсеаи имконияти тиҷоратӣ, афзоиши гардиши мол, беҳтар гардидани пайвастагии нақлиётӣ байни ду давлат ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ дар минтақа мусоидат хоҳад намуд.
21 июл ҳамчунин дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Ёддошти тафоҳум табодул карда шуд, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш нигаронида шудааст.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро тавассути мубодилаи таҷриба ва дониш, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва рушди равобити касбӣ байни сохторҳои ду давлат тақвият бахшанд.
Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи таҷриба байни ҷавонони ду давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, рушди малакаҳои фарҳангӣ, ташкили мусобиқаҳо, чорабиниҳо ва фестивалҳои варзишӣ, рушди инфрасохтори варзиш, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои мазкур, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти идоракунӣ ва рушди муассисаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи ин санад ҷонибҳо барои пешбурди варзиши духтарон, рушди варзиши шахсони дорои имконияти маҳдуд, мубориза бар зидди допинг ва гузаронидани таҳқиқоту омӯзишҳои марбут ба физиологияи варзиш ҳамкориро густариш медиҳанд.
Барои таъмини иҷрои самараноки муқаррароти санад таъсиси кумитаи муштарак пешбинӣ шудааст, ки вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолият, таҳияи барномаҳои муштарак ва баррасии ҷараёни амалисозии ташаббусҳоро ба уҳда хоҳад дошт ва ҷаласаҳои ин кумитаи муштарак дар Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор хоҳанд шуд.
Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи ҷавонон ва варзиш заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии нав фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунад.
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва захираҳои минералии Муғулистон низ дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон табодул карда шуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ мебошад.
Ёддошти тафоҳум мубодилаи таҷриба дар соҳаи назорати бехатарии истеҳсолот, такмили меъёрҳои техникӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо ва омӯзиши мутахассисонро пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин он барои истифодаи таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди устувори соҳаи истихроҷи маъдан дар ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии фаъолияти саноатӣ ва кӯҳкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ табодул карда шуд.
Дар доираи ин санад Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбиии иқлим, мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд.
Инчунин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ баргузории конфронсу семинарҳои илмӣ-амалӣ, барномаҳои омӯзишӣ, мубодилаи таҷриба байни мақомоти марбутаи ҳар ду давлат, баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Муғулистон дар назар аст.
Санади дигаре, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон табодул карда шуд, ин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон аст, ки нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат дар соҳаи маориф аҳамияти муҳим дорад.
Дар асоси ин санад рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳкими робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат ва табодули донишҷӯён, омӯзгорон, профессорону муҳаққиқон бештар мегардад.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак ташкил ва баргузор карда шуда, барои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, аз ҷумла барномаҳои ду дипломӣ, рушди таҳсилоти омехта ва маҷозӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимию ташаббусҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои байналмилалии бурсияҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Санади мазкур ба таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ дар самтҳои иқтисод, технология, педагогика ва забонҳои хориҷӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди иқтидори илмӣ ва кадрӣ мусоидат намуда, барои баррасии минбаъдаи масъалаи таъсиси механизми табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани квотаҳои таҳсилотӣ байни ду давлат, густариши муносибатҳои дуҷониба, бахусус робитаҳои академӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва илм заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар шаҳри Улан-Батор дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум аз 12 модда иборат буда, густариши ҳамкориро дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ пешбинӣ менамояд.
Имзои ин санад ба ташкил ва фароҳам овардани шароит дар барқарор намудани равобити бевоситаи субъектҳои соҳаи кишоварзӣ барои содирот ва воридоти маводи таҳти карантинӣ, беҳтар намудани мубориза бар зидди организмҳои зараррасони карантинӣ ва ҳавасманд гардонидани субъектҳои ба содироту воридот машғул мусоидат менамояд.
Инчунин расонидани ёрии илмӣ, техникӣ ва машваратӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба ошкоркунӣ, пешгирӣ ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот бо мақсади таҳкими иқтидори таҳқиқоти нозиротӣ ва озмоишгоҳӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо аз тадбирҳои меҳварии дар ин санади ҳамкорӣ дарҷгардида маҳсуб мешавад.
21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд, ки дар ҷараёни он масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмуи робитаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таъкид карда шуд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.


Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардид.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихӣ дар шаҳри Улан-Батор аз чорабиниҳои анҷомбахши сафари давлатӣ ба Муғулистон гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таърих ва фарҳанги қадими Муғулистон шинос шуда, дар китоби меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.



Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аз 24 апрели 1992 барқарор шудаанд.
Нахустин маротиба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2009 ба Муғулистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин сафар Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои ду кишвар, Cозишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба имзо расида буд.
Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух низ моҳи июли соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин сафар Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо ва қабул гардида, даҳ санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ, сайёҳӣ ва осорхонадорӣ ба имзо расид.
Имрӯз шумораи умумии санадҳои расмие, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Муғулистонро ба танзим дароварда, заминаҳои ҳуқуқию меъёрии онро таҳким мебахшанд, ба 28 адад расидааст. Дар баробари ин талошҳои сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба таври пайваста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Муғулистон нигаронида шудаанд.
Тавре ишора карда шуд, муҳимияти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар он аст, ки дар доираи он се чорабинии муҳими дигар — ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон, Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор гардиданд.
Дар ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба табодули афкор анҷом дода шуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат ва коркарди маҳсулот, энергетика, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид.


Ба масъалаҳои густариши гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмию техникӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аҳаммияти таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ ҳамчун механизми муассири ҳамоҳангсозии ҳамкории дуҷониба барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон таъкид гардида, дар анҷом Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон имзо шуд.
Дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тавсеаи содироту воридот ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, нассоҷӣ, логистика, сайёҳӣ ва иқтисоди «сабз» мавриди баррасӣ қарор гирифта, имконият ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ муаррифӣ гардид ва якчанд санади ҳамкорӣ, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, густариши ҳамкории соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд.



Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ҳамчунин бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангӣ, густариши ҳамкории башардӯстона ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор гардиданд.
Дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон барномаҳои рангини консертӣ ва намоиши аксу мусаввараҳои муаррифи таъриху тамаддун, фарҳангу анъанаҳои миллӣ, урфу одат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва манзараҳои зебои Тоҷикистон ташкил карда шуд.



Дар маҷмуъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон иқдому талошҳои бесобиқаи ду ҷонибро дар роҳи ба сатҳу сифати наву муосир расонидани ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ ҳамоҳанг намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистонро таҳким мебахшад. Дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ду кишвар аз ин баъд метавонанд ҳамкориро дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, содирот, ҳифзи муҳити зист, геология, бехатарии корҳо дар саноати кӯҳкорӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш, маориф ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боз ҳам рушду густариш бахшанд.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе — Улан-Батор — Душанбе,
20-22 июли 2026








Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид






