Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июль 29, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма таъсис дода мешавад. Ин ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ ва металлургия дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон (METI), намояндагони Созмони Ҷопон оид ба таъмини амнияти металлҳо ва энергетика (JOGMEC) ва чор ширкати ҷопонӣ баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои маъданӣ ва ҷалби технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҷонибҳо манфиатдории муштаракро барои таҳкими шарикии соҳавӣ, коркарди амиқи ашёи хом, рушди ташаббусҳои муштарак, табодули таҷриба ва густариши ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин имконоти ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ, рушди иқтидори кадрӣ, аз ҷумла ташкили даврҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, ҳамчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами Ҷопон дар бахшҳои кӯҳкорӣ ва металлургия баррасӣ шуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид