МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд

Июль 21, 2026 09:52

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филмҳо, силсилафилмҳо, филмҳои тасвирӣ – миқдори зиёди видеои фароғатӣ ба дилхоҳ синну сол ва табъу завқ акнун ба муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас мебошад. Нархи истифодаи хизматрасонии Wink – 1,50 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Wink – барои дӯстдорони видео бозёфти воқеист: мундариҷаи доимо навшавандаи он танҳо контенти босифати литсензиониро дар бар мегирад, ки онро дар смартфонҳо, планшетҳо, компютерҳо ё Smart TV метавон тамошо намуд. Дар он интихоби филму силсилафилмҳо аз рӯи жанр, сол ё давлати истеҳсолкунанда, тамошои классика ва филмҳои нав имконпазир аст.

«Мо аз муаррифии лоиҳаҳои аслӣ ва таркиби Wink ба тамошобинони тоҷик хушҳолем, медонем, ки баъзе сислилафилмҳои мо аллакай хеле маъруф шудаанд. Ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қадами навбатӣ дар рушди ҳузури байналмилалии Wink маҳсуб мешавад. Мо дар саноати Осиёи Марказӣ иқтидори бузург мебинем: бозорҳои алоҳидаи миллӣ дар ҳоли имрӯз бо суръати ниҳоят тез инкишоф меёбанд ва истифодаи хизматрасонӣ аз рӯйи модели пулакӣ пайваста меафзояд. Wink минбаъд низ ният дорад ҳамкориро бо операторони бузургтарини телекоммуникатсионӣ васеъ намояд», — мегӯяд директори генералии Wink Антон Володкин.

Барои муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» роҳи осонтарин ва зудтарини пайвасткунии хизматрасонии Wink – USSD-дархости *4004# ба шумор меравад. Ҳангоми зарурат хизматрасониро инчунин метавон осон қатъ кард – барои ин дархости *4004*0# пешбинӣ шудааст.

Маблағ барои истифодаи хизматрасонӣ ҳамарӯза дар ҳаҷми 1,50 сомонӣ бо реҷаи автоматӣ гирифта мешавад. Агар маблағи тавозуни муштарӣ аз ин ҳаҷм камтар бошад, маблағ қисман дар ҳаҷми 0,75 сомонӣ гирифта мешавад – дар ин ҳолат ба истифодабаранда дастрасӣ ба хизматрасонӣ давоми 12 соат пешниҳод мешавад.

Бартарияти муҳим: ҳангоми тамошои видеоконтент трафики интернети мобилии истифодабаранда бо обунаи фаъоли Wink нархгузорӣ намешавад. Интернет аз ҳисоби тарофаи асосӣ ё бастаи пайвастшуда низ сарф намешавад. Муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» танҳо барои дастрасӣ ба Wink маблағ пардохт мекунад ва метавонад хизматрасониро ҳар қадар ки хоҳад, истифода барад.

«Стретегияи мо хеле осон аст: агар видеохизматгузории мувофиқ, боэътимод ва босифат мавҷуд бошад, он бояд дастраси муштариён гардад. Ҳамкорӣ бо Wink имкон медиҳад, ки доираи имконияти дӯстдорони филму силсилафилмҳо васеъ гардида, ба онҳо контенти нодир пешниҳод карда шавад. Шартҳои пайвасткунӣ дар шабакаи мо афзалияти иловагии он хоҳанд буд», — мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии «МегаФон Тоҷикистон».

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июль 21, 2026 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид