«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7-8 августи соли 2026 дар толори «Суғд арена»-и шаҳри Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ «Меъмор-2026» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» доир мегардад.
Мақсад аз ташкили намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарин байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир, мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ва баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётӣ мебошад.
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияҳои лоиҳаи беҳтарини истиқоматии бисёрошёна; биноҳо ва маҷмааҳои иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ (биноҳои таълимӣ, биноҳои табобатию истироҳатӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, паркҳои технологӣ) ва асари меъмории донишҷӯён (барои донишҷӯён ва коллективи эҷодӣ) гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






