Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон нишасти бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Дар ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ, ки бо иштироки донишмандон, пажӯҳишгарон ва дипломатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, роҳҳои ҳифз, таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ Мир Сайид Алии Ҳамадониро ҳалқаи пайванди миллатҳо ва фарҳангҳои минтақа арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки андешаҳои ӯ ҳамчун манбаи донишу маърифат ва ахлоқу ҳикмат метавонанд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо саҳми арзанда гузоранд.
Низомиддин Зоҳидӣ аз ҷойгоҳи хоссаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки оромгоҳи ин шахсияти бузург дар шаҳри бостонии Кӯлоб қарор дошта, осор ва мактаби маънавии ӯ бахши муҳими ҳувияти фарҳангии миллати тоҷикро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995 ва 2015 ҷашнҳои 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки донишмандон аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор шуданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки муҳаққиқон ва донишмандони тоҷик бахши муҳими осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашр намуда, омӯзиш ва пажӯҳиши мероси ин мутафаккири бузург имрӯз низ дар муассисаҳои илмии кишвар идома дорад.
Дар фарҷоми нишаст Сафири Тоҷикистон барои густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳамадонишиносӣ, ҷамъоварӣ, таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳодҳои амалӣ манзур намуд.
Дар ҳамоиш инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ ва пажӯҳишии Эрон, Тоҷикистон ва Покистон, инчунин муҳаққиқони соҳаи нусхашиносӣ ва ҳамадонишиносӣ суханронӣ намуда, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавиро барои таҳқиқ, нашр ва тарғиби осори арзишманди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъкид карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






