«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд

Июль 26, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/ таҳти унвони «Мероси мо» нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ таҳти унвони «Мероси мо» шаҳрвандони кишварҳои аъзои ЭКО имкон доранд осори худро бо меҳвари «Интиқоли мерос» аз 12 июл то 12 сентябри соли 2026 ирсол намоянд.

Ҳадафи ин ҷашнвора сабт ва бозтоб намудани лаҳзаҳои интиқоли дониш, маҳорат, ойинҳо ва суннатҳои фарҳангӣ аз насл ба насл мебошад. Дар ин рӯйдод тамоми шаҳрвандони кишварҳои аъзои ЭКО —Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон метавонанд иштирок намоянд. Иштирокчиён бояд аксҳои худро, ки танҳо бо дурбини телефони ҳамроҳ гирифта шудаанд, тавассути сомонаи Муассисаи фарҳангии ЭКО ё аз тариқи почтаи электронии festival@ecieco.org ирсол кунанд.

Тибқи эълони Муассисаи фарҳангии ЭКО, ғолибон дар се бахши асосӣ муаррифӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба беҳтарин асар аз ҳар кишвари аъзо Лавҳи махсуси сипос тақдим мегардад. Маросими ҷамъбасти ҷашнвора ва намоишгоҳи осори баргузида моҳи октябри соли 2026 баргузор хоҳад шуд. Тафсилоти пурраи шартҳои иштирок, тарзи ирсоли осор ва низомномаи ҷашнвора тавассути сомонаи расмии Муассисаи фарҳангии ЭКО дастраси тамоми алоқамандон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид