Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон 112 номгӯй китобҳои тахассусӣ ба чоп тавсия гардида, мавриди нашр қарор доранд. Барои таъмин ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ муаллифон аз ҳисоби омӯзгорони баландихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин хусус 13 июл Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки сатҳи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ аз босифат коркард шудани стандартҳо, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ вобастагӣ дорад. Ҳоло муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ таъмин буда, бо китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ 42,5 дарсад таъмин мебошанд.
Дар айни замон 13 номгӯй лоиҳаи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ: «Асосҳои технологияи шабакаҳои интернетӣ», «Ҳунарҳои суннатии тоҷикон», «Гаҷкор», «Шабакаҳои компютерӣ», «Хиштчин», «Корҳои пардозгарӣ дар соҳаи сохтмон», «Асосҳои технологияи истифодабарӣ ва таъмири техникаи кишоварзӣ», «Фарҳанги мухтасари русӣ – тоҷикӣ ва англисӣ дар соҳаи сохтмон», «Харрот», «Тракторҳо», «Амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос», «Вожаву истилоҳоти риштаи кафшергарӣ» ва «Муқаддимаи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ» барои чоп омода шудаанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






