Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид

Июль 2, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Аттийя баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки натиҷаи вусъати ҳамкории дуҷониба байни ду давлат бозгӯи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар ҷаноби Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мебошад.

 

Бо дахли ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, Раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои такмили қонунгузорӣ, таҳкими институтҳои миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.

Дар мулоқот ҳамзамон доир ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.

Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қатар, рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи муколамаи доимии созандаи байни ниҳодҳои давлатии ду мамлакат баррасӣ шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд