Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тавонистанд нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар нимсолаи якуми соли 2026 барзиёд — ба маблағи 7 миллиарду 818,9 миллион сомонӣ иҷро намоянд, ки нисбат ба нақша 549,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 21 июл дар нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон иттилооъ дод.
Таъкид шуд, ки тибқи нақша пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли равон 7 миллиарду 269,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Гуфта шуд, ки дар ин давра иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла воридоти андоз аз арзиши иловашуда /ААИ/ 101,5 фоиз ё 78,0 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 113,0 фоиз ё 118,4 миллион сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 165,8 фоиз ё 188,8 миллион сомонӣ зиёд, андози аксизӣ 110,8 фоиз ё 65,3 миллион сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 130,8 фоиз ё 99,2 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.
Хуршед Каримзода омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар шаш моҳи соли 2026 дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муқаррар намудани меъёрҳои нав ва баланд бардоштани меъёрҳои амалкунандаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба воридот ва содироти баъзе молҳо, инчунин рақамикунонии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва дар ин раванд такмил додани низоми маъмурикунонии гумрукӣ рабт дод.
Аз ҷумла, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» меъёри имтиёзи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин ашёи хоми воридшаванда барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соли 2026 аз 75 фоизи қаблӣ ба 50 фоизи меъёри муқарраргардида баробар карда шуд, ки аз ин ҳисоб 225,2 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ ситонида шуд.
Инчунин дар ин давра имтиёзҳои тарифию андозии дар шакли пурра ва қисман озодкардашуда 71,5 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуданд. Яъне, дар ин давра аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» воридшуда танҳо 28,54 фоизи он (1 миллиарду 294,5 миллион доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳое, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои тарифию андозӣ қисман татбиқ гардидаанд, 2 миллиарду 450,6 миллион доллар ё 54,03 фоиз ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархурдор 790,7 миллион доллар ё 17,43 фоизро ташкил намуданд.
Дар маҷмуъ, арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти воридшуда, ки аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархурдор гардидаанд, ба 3 миллиарду 241,4 миллион доллар баробар буда, пардохтҳои гумрукии озодкардашуда аз он ба ҳисоби миёна 3 миллиарду 448 миллион сомониро ташкил менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






