Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи сулҳ, таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии низоъҳои мусаллаҳона яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аҳаммияти бузург дорад. Таҳкими сулҳи пойдор, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тарбияи насли оянда дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин раванд нақши роҳбарони сиёсӣ, ки бо мавқеи созанда, сиёсати дурандешона ва ташаббусҳои байналмилалӣ метавонанд ба таҳкими сулҳу амният мусоидат намоянд, хеле муҳим мебошад.
–Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо яке аз мушкилтарин давраҳои таърихии худ — низои дохилӣ ва буҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар буд. Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсии давлат, махсусан фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус пайдо намуд.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва гузариш аз марҳилаи низоъ ба марҳилаи рушди устувор имрӯз ҳамчун намунаи муҳимми ҳалли мусолиматомези ихтилофот арзёбӣ мешавад. Сулҳи тоҷикон натиҷаи музокироти тӯлонӣ, иродаи сиёсӣ, гузашт ва талошҳои пайваста барои ба даст овардани ризоияти миллӣ гардид. Дар робита ба ин Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем».
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳифзи сулҳ, рушди ҳамкории байни давлатҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Ташаббусҳои байналмилалӣ, пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки нақши кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи нодири барқарор намудани сулҳи миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар масъалаҳои марбут ба таҳкими сулҳ ва суботи байналмилалӣ мавқеи фаъолро ишғол менамояд. Сулҳи тоҷикон, ки баъди солҳои душвори низои дохилӣ ба даст омад, имрӯз ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези ихтилофот ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ мавриди омӯзиши муҳаққиқон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлате, ки сулҳ ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян намудаанд, аҳаммияти махсус дорад. Сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои муҳимеро барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар бар мегирад.
Яке аз самтҳои муҳимми ин сиёсат дастгирӣ ва пешбурди идеяи сулҳи пойдор барои наслҳои оянда мебошад. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти махсуси масъалаи сулҳро дар шароити муосир инъикос менамояд.
Дар доираи чунин ташаббуси ҷаҳонӣ таҷрибаи Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар рушди мафкураи сулҳофарӣ аҳамияти назаррас пайдо мекунад, зеро сулҳи устувор ба рушди муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо вобаста мебошад. Дар давраи истиқлол Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ якчанд ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳод намуд, ки ба таҳкими сулҳ ва рушди устувор равона шудаанд. Дар заминаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои омӯзиши роҳҳои ташаккули фарҳанги сулҳ истифода шавад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд». Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки сулҳ дар сиёсати Тоҷикистон на танҳо ҳадафи сиёсӣ, балки арзиши стратегии миллӣ мебошад.
Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳро ҳамчун вазифаи дарозмуддати инсоният арзёбӣ менамояд. Мақсади асосии чунин ташаббусҳо ташаккули ҷомеае мебошад, ки дар он низоъҳо тавассути муколама ҳал мешаванд ва ҳуқуқи инсон эҳтиром мегардад.
Дар ҷаҳони муосир сулҳи пойдор яке аз муҳимтарин арзишҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад ва таҳкими он вазифаи муштараки ҳама давлатҳо ва ҷомеаҳо мебошад. Дар доираи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои равандҳои сулҳофарӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намояд.
Саида САИДЗОДА,
директори мактаби №55-и шаҳри Душанбе








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






