Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия иштирок намуданд

Июль 13, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 июл дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 69-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори сифат, такмили низоми стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа Протоколи 69-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия ба имзо расонида шуд.

Дар ин ҳуҷҷат қарорҳои муҳим оид ба идомаи ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ, рушди метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, такмили фаъолияти кумитаҳои техникӣ, рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ ва бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо пешбинӣ гардидааст.

Қарорҳои қабулшуда барои тақвияти ҳамкории иқтисодию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди инфрасохтори сифат, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тиҷорати байнидавлатӣ аҳамияти калон доранд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шуданд. Дар озмун аз Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳасар» ва Меҳмонхонаи «Румӣ» сазовори ҷоизаҳои баландтарин гаштанд.

Ин ғолибият нишон медиҳад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон тавонистаанд низомҳои муосири идоракунии сифатро татбиқ намуда, мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намоянд.

АКС: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид