Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд

Июль 3, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 июл дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ баргузор шуд, ки дар кори он  ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Дар форум намояндагони ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ ва мутахассисони сатҳи байналмилалии беш аз 12 давлати дунё иштирок намуданд. Дар доираи форум иштирокчиён оид ба таҷрибаҳои пешқадам роҷеъ ба амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ дар мамлакатҳои худ мубодилаи афкор карданд.

Ҳадафи форум баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар арсаи байналмилалӣ, амалисозии чораҳои муосири зиддикоррупсионӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ин раванд ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам барои паст кардани шиддати коррупсия арзёбӣ гаридид.

Форум бо ибтикори Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея дар ҳамбастагӣ бо Дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Сеул гузаронида шуд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд