Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд

Июль 8, 2026 09:02

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гаагаи Нидерланд ҷаласаи 33-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳамзамон роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар доираи ҷаласа  оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона таъкид шуд, ки волоияти қонун, рушди институтҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи асосии суботи дарозмуддат мебошанд.

Зимни иштирок дар ҷаласа Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба сиёсат,  амният ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими амнияти ҷудонашаванда, ҳалли осоиштаи низоъҳо тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ сухан намуд.

Маҳмадшоҳ Гулзода аз қабули  қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба  таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои  2027–2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст,  изҳори сипос намуда, аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи амалии ин даҳсола, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки волоияти қонун, рушди институтҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи асосии суботи дарозмуддат мебошанд. Ҳамчунин нақши дипломатияи парлумонӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди мутақобила махсус иброз шуд.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди сабз, энергияи барқароршаванда, рақамикунонӣ ва инноватсия муаррифӣ гардид. Ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва афзоиши маблағгузории иқлимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин рӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2026 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд