Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид

Июль 1, 2026 08:44

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори «Шоҳҷоиза» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фестивал-озмуни байналмилалӣ Зубайр Каримзода аз Тоҷикистон суруди «Республикаи ман»-ро иҷро намуд. Баъд аз натиҷаи аъзои ҳакамон соҳиби  «Шоҳҷоиза» ва 2 роҳхати ройгон ба давлатҳои Гурҷистон ва Озарбойҷон гардид.

Дар фестивал-озмун ҳанармандон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Русия иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногуни эҷодӣ, фарҳангӣ ва дӯстона байни кӯдакони шаҳрҳои гуногун,  баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва дастгирии ҷавонони боистеъдод доир гардид.

АКС: Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад