Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд

Июль 8, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкок муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар ҷаласаи 9-уми Кумитаи муҳити зист ва рушди ЭСКАТО иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба пешрафти татбиқи Эъломияи вазирон оид ба ҳифзи сайёраи мо тавассути ҳамкории минтақавӣ ва ҳамбастагӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва муҳокимаи хулосаҳои гузориши «Синергия дар Осиё ва Уқёнуси Ором: Пешбурди ҳалли синергетикӣ ба буҳрони сегонаи сайёра ва ҳадафҳои рушди устувор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баргузории чорабинӣ Саноӣ Бойзода ба яке аз ҷаласаҳои калидии кории ин ниҳод раисӣ намуда, натиҷаҳои асосӣ, паёмҳо ва тавсияҳои сиёсии Нишасти минтақавии тадорукотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро муаррифӣ кард.

Тавре таъкид гардид, ин нишаст дар доираи Конфронси чоруми оби Душанбе баргузор шуда, ба таҳияи мавқеи муштараки кишварҳои минтақа барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мусоидат намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд