Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри бо иштироки масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои мухталиф ва андозсупорандагон дастовардҳои нави Кумитаи андоз дар самти рақамикунонӣ рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода иброз намуд, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад ва таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ гашта истодаанд. Кумитаи андоз бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат барои рақамикунонии соҳаи андоз, рушди хизматрасониҳои электронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навин, таъмини шаффофияти раванди андозбандӣ ва сода гардонидани муносибатҳои байни Кумитаи андоз ва андозсупорандагон тадбирҳои зиёде андешидааст.
Дар чорабинӣ се лоиҳаи муҳими Кумитаи андоз дар самти рақамикунонӣ — имкониятҳои нави портали ягонаи хизматрасонии электронии «Андози ман», портали нави хизматрасонӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Кумитаи андоз муаррифӣ карда шуданд.
Зимни муаррифии имкониятҳои нави портали ягонаи хизматрасониҳои электронии «Андози ман» иброз гардид, ки интерфейси қаблӣ каме мураккаб буда, барои пайдо кардани баъзе хизматсарониҳо андозсупоранда маҷбур мешуд аз якчанд қисмат гузарад ё ба сомонаи Кумитаи андоз ворид шавад. Равандҳо қадам ба қадам набуданд ва истифодабаранда намедонист дар кадом марҳила қарор дорад. Ба ҳамин монанд боз чандин мушкилоти дигар вуҷуд дошт ва пардохти андоз дар дохили ҳуҷраи шахсӣ ба шакли қулай дастрас набуд. Аз ҳамин хотир, бо мақсади сода гардонидани тарзи истифодабарӣ, муттаҳидсозии хизматрасониҳо, таъмини шафофият ва дастрасии комили мобилӣ портали электронии «Андози ман» таҷдид карда шуда, ба он 20 намуд хизматрасонии нави электронӣ ворид карда шуданд, ки истифодабарии барномаро хеле сода ва қулай намуда, кори андозсупорандагонро осон месозанд.
Дар ҷараёни рӯнамоии портали нави «Ҳуҷраи деҳқон» таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва татбиқи хизматрасониҳои электронии давлатӣ истифодаи низомҳои муосир барои осон намудани фаъолияти шаҳрвандон аҳамияти махсус дорад. Бо мақсади сода ва дастрас гаштани хизматрасониҳои андоз барои кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали электронии «Ҳуҷраи деҳқон»-ро ба роҳ мондааст. Портал низоми муосири электронӣ буда, бо мақсади содагардонии муносибатҳои андозӣ таъсис дода шудааст ва он ба баланд бардоштани шаффофият, сарфаи вақт ва кам намудани хароҷоти маъмурӣ мусоидат менамояд. Туфайли ин портал роҳбарон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд бидуни муроҷиати мустақим ба мақомоти андоз аз хизматрасониҳои гуногуни андоз, ки ба фаъолияти рӯзмараашон алоқамандӣ доранд, истифода баранд. Яке аз бартариҳои муҳими портал дар он аст, ки он дар телефонҳои мобилӣ, планшет ва компютер ба осонӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин барномаи мобилии он бо номи «Ҳуҷраи деҳқон» дар Play Market ҷойгир карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд онро насб намуда, аз тамоми хизматрасониҳои электронӣ истифода баранд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин истифодаи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои мақомоти андоз муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки технологияи зеҳни сунъӣ дар Кумитаи андоз ҳанӯз аз соли 2022 мавриди истифода қарор дошт, вале дар марҳилаи аввал танҳо зимни таҳлилҳои дохилӣ ба кор бурда мешуд. Минбаъд истифодаи он марҳила ба марҳила васеътар гашта, дар таҳлили ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва ташаккули автоматии эъломияҳо истифода мегашт. Солҳои 2024-2025 зеҳни сунъӣ ба марҳилаи комилан нави хизматрасонии мустақим ба андозсупорандагон гузашт, ки яке аз намунаҳои асосиаш чат-боти зеҳни сунъӣ дар утоқи шахсӣ мебошад. Ин чат-бот ҳамчун ёрдамчии электронӣ барои андозсупоранда хизмат мекунад. Корбар метавонад ба он бо забони тоҷикӣ савол диҳад ва ҷавоби фаҳмо гирад. Аз чат-бот дар бораи Кодекси андоз, хизматрасониҳои электронӣ, ҳолати ҳисоби шахсии худ ва дигар масъалаҳои ба андоз ва андозбандӣ марбут буда маълумот гирифтан мумкин аст.
Қобили тазаккур аст, ки дар чат-бот имкони пурсиши овозӣ низ вуҷуд дошта, истифодабарандагон имкон доранд саволҳои худро тавассути микрофон дода, посух бигиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокдорон суҳбати рӯ ба рӯ доир шуда, масъулини Кумитаи андоз ба саволҳои сершумори андозсупорандагон ҷавобҳои дақиқ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад






