НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳи илм дар рушди истеҳсолот Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон чӣ тадбир меандешад? Дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода чунин посух дод:
«Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ширишоҳ Шоҳтемур аз рӯи 55 ихтисос мутахассис омода менамояд. Барои боз ҳам бештар пайванд намудани илм бо истеҳсолот филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ бо хоҷагию муассисаҳои пешқадам шартномаҳо бастаанд», — афзуд Усмон Маҳмадёрзода.
Таъкид гардид, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимиашонро дар филиалҳо мегузаранд. Дар хоҷагӣ тамоми шароити корию истироҳатӣ барои таҷрибаомӯзон фароҳам оварда шудааст. Донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ дониши назариявии омӯхтаашонро дар амал татбиқ намуда, ба ин васила малакаи касбияшонро баланд мебардоранд. Ин ҳама барои мутахассиси хуб шудан ва саҳми муносиб гузоштан дар истеҳсолот заминаи мустаҳкам мегузорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар донишгоҳ ба барномаҳои таълимӣ, кишоварзии рақамӣ, таълими усулҳои сарфаи об (обёрии қатрагӣ) ва ҳифзи хок, тақвияти дарсҳои амалӣ, парвариши навъҳои ба иқлим тобовар ва ҳосилнокии баланд, иқтисоди аграрӣ ва дигар самтҳо таваҷҷуҳи бештар равона мегардад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон бо 130 ташкилоту муассисаи олии хориҷи дуру наздик шартномаю созишнома ва бо 40 муассисаи олии хориҷӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






