НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 611 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузаронида шуданд, ки аз ин шумора 36 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 6 муассисаи таълимии томактабӣ, 23 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бинобар сабаби пурра ба талаботи меъёрӣ мутобиқат накардан аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузаронида шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки ба ин муассисаҳо иҷозатнома ба муҳлати номаҳдуди амал дода шуда, аттестатсияи такрории онҳо давоми ду соли минбаъда муқаррар карда шудааст.
Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии шартан аз аттестатсияи давлатӣ гузашта ба вилояти Хатлон 6 муассиса, ба вилояти Суғд 4 муассиса, ба шаҳри Душанбе 5 муассиса, ба минтақаи Кӯлоб 5 муассиса, ба минтақаи Рашт 7 муассиса, ба минтақаи Зарафшон 2 муассиса ва ба раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ 7 муассиса рост меояд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 тибқи дархости муассисаҳо аккредитатсияи давлатии таълимии 8 муассисаи таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва ғайридавлатӣ, 19 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ гузаронида шуда, ба муассисаҳои таълимӣ шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба муҳлати 5 сол дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои минтақавии агентӣ аккредитатсияи давлатии 307 муассисаи таҳсилоти умумии мақоми маҳаллӣ (дар шаҳри Душанбе — 7, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 22, вилояти Суғд – 85, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон – 97, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 34, минтақаи Ҳисор – 21, минтақаи Рашт – 14 ва минтақаи Зарафшони вилояти Суғд – 27) гузаронида шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






