НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар соли таҳсили 2025-2026 барои 15 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисоси магистратура ва 2 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия гардида, аз оғози соли таҳсили 2026-2027 мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин хусус имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода иброз дошт.
Дар заминаи факултети навтаъсиси фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ кафедраи иқтисоди «сабз» ва истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳамзамон дар заминаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ таъсис дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар донишгоҳ 7 факултет, 20 кафедраи тахассусӣ ва 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, бонкдорӣ, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъию иқтисоди «сабз», фаъолияти гумрукию андозбандӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ омода менамоянд.
Дар нимсолаи якуми соли равон дар донишгоҳ бе назардошти хатмкардагон 6072 нафар донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, фосилавӣ ва таҳсилоти олии дуюм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳ 20 доктори илм-профессор, 145 номзади илм, 84 муаллими калон ва 154 ассистент, дар маҷмуъ, 403 омӯзгор ба фаъолияти таълимӣ машғул мебошанд.
«Донишгоҳ бо 137 вазорат, муассисаи бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст, ки сабаби муҳайё намудани имконияти васеи фарогирии донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва ташкили таҳсилоти дуалӣ гардидааст», — гуфт Бобоҷон Сатторзода.
Гуфта шуд, ки имсол донишгоҳро 1959 нафар хатм намуда, 83 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






