НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод

Июль 30, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Ваҳдат маҳсуб шуда, дар ташкили ҷойи нави кор ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ нақши афзалиятнок дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман бақайдгирифташудаи шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи якуми соли 2026 608 миллиону 865 ҳазор сомониро ташкил дод. Чунин гуфта шуд 29 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 332 нафар шаҳрвандони бекор ба даврҳои гуногуни кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ба 25 нафар ба маблағи 141 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории замин аз тарафи мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди шаҳр санҷишҳо гузаронида шуданд. Зимни онҳо 207 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон ба маблағи 153,1 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад